Душанбе, 13 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз таҳти раёсати Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Кор бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Дар ҷаласа ҳафт масъала баррасӣ шуд, аз ҷумла: қатъи ваколати вакилии Мирзонабот Алишер Худобердӣ (ҳавзаи Язгулом №13, ноҳияи Ванҷ); таъйини интихобот дар ҳамин ҳавза; ташкили комиссияи интихобот; интихоби раиси Маҷлис; рафти иҷрои Фармони Президенти ҶТ аз 31 январи соли 2020, №1445 дар бораи Барномаи давлатии «Солҳои 2020-2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ»; ахбороти комиссия оид ба номгузорӣ ва масъалаҳои марзиву маъмурӣ; тасдиқи қарорҳои раиси ВМКБ, ки байни иҷлосияҳои шашум ва ҳафтум қабул шудаанд. Аз рӯйи ҳамаи масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Бо маърӯзаҳо муовини раиси вилоят Фурқати Ҳукумат ва роҳбарони шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят баромад карданд.

Фурқати Ҳукумат дар бораи иҷрои барномаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ гузориш дод. Дар муассисаҳои таълимии вилоят барои баланд бардоштани сифати таълими математика, физика, химия ва информатика корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Хонандагону омӯзгорон дар олимпиадаву озмунҳо фаъолона иштирок карданд: 4 омӯзгор ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, 2 нафар ҷоизадор шуданд. Дар озмуни «Илм — фуруғи маърифат» 84 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Дар иҷлосия Сафарзода Шарифхон Нураҳмад раиси Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ интихоб гардид. Ӯ вакилонро даъват намуд, ки дар корҳои ободонӣ ва рушди минтақа саҳм гузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ
