Остона, 13 октябри соли 2026 АИ Караван Инфо. ВКХ-и Қазоқистон ва Белгия харитаи роҳҳои ҳамкориро барои солҳои 2027-2029 имзо намуданд. Ҳуҷҷат фаъолсозии муколамаи сиёсӣ, машваратҳои мунтазам, таҳкими робитаҳои байнисоҳавӣ ва ташаббусҳои муштаракро пешбинӣ мекунад. Имзо дар доираи сафари давлатии Шоҳи Белгия Филипп сурат гирифт.

Вохӯриро муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ержан Ашикбаев ва раиси кумитаи Роҳбарикунандаи хадамоти давлатии Федералии корҳои хориҷӣ, савдои хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо мақсади рушди Белгия Теодора Джентсис баргузор намуданд. Ҷонибҳо ҳамкорӣ бо иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуданд, аз ҷумла дурнамои созишномаҳо дар бораи содда намудани низоми раводид ва реадмиссия. Табодули афкор оид ба рӯзномаи байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар доираи СММ ва таҳкими амният сурат гирифт.
“Ҷонибҳо манфиатдории худро ба амиқтар намудани ҳамкорӣ ва татбиқи амалии созишномаҳо, аз ҷумла дар арафаи 35-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 2027 тасдиқ намуданд”, – хабар доданд дар ВКХ.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
