Душанбе, 15 октябри соли 2026 АИ Караван Инфо. Дар Душанбе ҷаласаи дурӯзаи гурӯҳи корӣ оид ба Лоиҳаи “Таҳияи меъёрҳои ягонаи сейсмикӣ барои Осиёи Марказӣ” оғоз гардид. Намояндагони Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, инчунин коршиносони Канада ва ИМА иштирок мекунанд. Ташкилкунанда – Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ (МБИТ).

Ташаббускори лоиҳа – ҷамъияти саҳомии “Институти илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳавии сохтмон ва меъмории Қазоқистон” ИИТЛСМҚ). Мақсад наздик намудани талаботи меъерии кишварҳои минтақа, рушди ҳамкории илмӣ-техникӣ ва баланд бардоштани бехатарии сохтмон дар минтақаҳои зилзилазада.
Иштирокчиён меъёрҳои миллии амалкунандаи сохтмони ба зилзила тобовар, усулҳои ҳисобкунии сарборӣ ва равишҳои муосири тарроҳиро баррасӣ мекунанд. Ба таҷрибаи Ҷопон, Туркия, Канада ва ИМА диққати махсус дода мешавад. Дар натиҷа, марҳилаҳои минбаъдаи лоиҳа муайян намуда мешаванд.
Аксҳо: Вазорати саноати ҶҚ
