Душанбе, 23 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Форуми минтақавии роҳбарони мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 20 октябри соли 2026 дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба таъсиси пойгоҳи ягонаи минтақавии тайёрии наҷотдиҳандагон аз ҷониби ҳамаи панҷ кишвар (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.

Истифодаи имкониятҳои Маркази нави ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ барои гузаронидани машқҳои муштарак ва баланд бардоштани малакаи наҷотдиҳандагони це минтақа пешбинӣ мешавад. Дар соли 2027 масъалаи ба ин марказ додани мақоми ташкилоти асосии тайёрии наҷотдиҳандагони Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Осиёи Марказӣ ба минтақаи дорои хавфи баланди тағйирёбии иқлим, омадани сел, обхезӣ ва заминҷунбӣ дохил мешавад. Тибқи маълумоти дар форум пешниҳодшуда, аз соли 1991 инҷониб аз обхезӣ дар минтақа беш аз 1,1 миллион нафар зарар дида, зарари иқтисодӣ аз $1 миллиард гузаштааст.
Дар чунин шароит, эҷоди маҷмааи ягонаи таълимиву амалӣ дар Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани низомҳои муштараки огоҳсозии барвақтӣ имкон медиҳад, ки инфрасохтор ва аҳолии кишварҳои минтақа аз хатарҳои табиӣ ва техногенӣ эътимоднок ҳифз карда шаванд.
Маркази таълимию методии КҲФ дар ноҳияи Шаҳринав, ки 13 октябри соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд, дорои имкониятҳои муосир мебошад:
- Полигони таълимиву амалӣ: Дар майдони над аз 10 гектар 20 марҳилаи махсуси таълимӣ барои машқи амалиёти наҷот дар шароити офатҳои табиӣ ва сохтмонӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.
- Маркази кинология: Дорои 10 волер ва синфхонаҳо барои тайёр кардани сагҳои пайҷӯиву наҷотдиҳӣ.
Натиҷаҳои асосии форуми Тошканд:
- Мониторинги фаромиллӣ: Нақшаи роҳ оид ба коҳиши хатари сел ва обхезӣ, каталоги онлайнии таҳдидҳо ва низоми огоҳсозии барвақтӣ дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Исфайрамсой ва Шоҳимардон тасдиқ гардиданд.
- Амнияти сейсмикӣ: Меморандуми ҳамкории муассисаҳои сейсмологии кишварҳои минтақа ба имзо расид.
- Иттиҳоди шаҳрҳои устувор: Ба коалисияи шаҳрҳо, ки соли 2025 таъсис ёфта, Душанбе аъзои он аст, боз 5 шаҳри нав, аз ҷумла Хуҷанд ва Исфара пайвастанд. Дар доираи ин лоиҳа ба шаҳри Душанбе барои мукаммалсозии низоми огоҳсозӣ аз заминҷунбӣ кумак расонида мешавад.

Дар охир протоколи иҷлосия ва Консепсияи афзоиши устувории шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим то соли 2030 ба имзо расид.
Фото: https://podrobno.uz/ / https://www.uzdaily.uz/
