Душанбе, 23 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз, 22 октябр дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Интегратсияи илм ва технологияҳои муосир барои ҳалли мушкилоти марбут ба об ва беҳтар намудани идоракунии пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ» баргузор гардид.

Президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки мавзуи конфронс танҳо ба омӯзиши як ҷузъи табиат маҳдуд намешавад. Он масъалаи алоқамандии низомҳои табиӣ, амнияти экологӣ, рушди устувор ва ояндаи иҷтимоию иқтисодии минтақаи моро фаро мегирад. Аз ин рӯ, ҳалли чунин масъалаҳо бе рушди илми муосир, таҳқиқоти байнисоҳавӣ, технологияҳои рақамӣ ва ҳамкории муассисаҳои илмии кишварҳои минтақа ғайриимкон аст.
Таъкид гардид, ки яке аз вазифаҳои асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, таҳкими иқтидори илмии кишвар, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва пешниҳоди натиҷаҳои илмӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мебошад.

Дар шароити имрӯза илм набояд танҳо ба тавсифи равандҳои табиӣ маҳдуд гардад. Илм бояд тавонад тағйиротро сари вақт муайян намояд, равандҳои эҳтимолиро пешгӯӣ кунад ва барои қабули қарорҳои асосноки давлатӣ ва минтақавӣ заминаи боэътимод фароҳам оварад.
Қайд гардид, ки ин талабот хусусан дар соҳаи захираҳои об ва омӯзиши криосфера муҳим мебошад. Пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии ташаккули маҷрои дарёҳои Тоҷикистон ба шумор рафта, тағйироти ҳолати онҳо ба низоми гидрологӣ, фаъолияти хоҷагии халқ, энергетика, кишоварзӣ ва амнияти экологии минтақа таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, омӯзиши пиряхҳо бояд бо таҳқиқоти гидрологӣ, метеорологӣ, геологӣ, экологӣ ва геофизикӣ ҳамоҳанг карда шавад.

Зикр гардид, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим барои рушди тадқиқоти илмӣ низ заминаи муҳим фароҳам овардаанд.
Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои байналмилалии марбут ба об, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025 ва Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034-ро эълон кардааст.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши криосфераро пайваста пеш мебарад. Дар ин самт ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ дар шаҳри Душанбе, бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аҳамияти хос дорад.
Дар идомаи конференсия директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулаҳмадзода Аминҷон ва дигар олимону муҳаққиқон масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим, вазъи кунунии захираҳои об, таъсири гармшавии глобалӣ ба пиряхҳо, ҳолати кӯлҳои пиряхӣ ва зарурати истифодаи технологияҳои муосирро дар таҳқиқу мониторинги онҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни конференсия ба масъалаҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ, маълумоти моҳворавӣ, низомҳои иттилоотии ҷуғрофӣ, усулҳои муосири моделсозии гидрологӣ ва роҳҳои пешгирии хатарҳои эҳтимолии марбут ба обшавии пиряхҳо ва рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences
