Душанбе, 23 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 22 октябр XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ифтитоҳ гардид, ки дар он беш аз 30 муассисаи нашриявии ватаниву хориҷӣ иштирок мекунанд.

Иштирокчиён китобҳои тозанашр ва дастовардҳои соҳаи нашри кишварҳои худро муаррифӣ намуда, гуногунии маҳсулоти муосири китобиро ба намоиш мегузоранд ва барои табодули касбиву фарҳангӣ имконият фароҳам меоранд.
Дар намоишгоҳ намояндагони соҳаи нашру табъ аз Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо иштирок доранд.



Экспозитсия барои шиносоӣ бо китобҳои нав, табодули таҷрибаи мутахассисон ва таҳкими робитаҳои касбӣ миёни муассисаҳои нашриявии давлатҳои гуногун замина фароҳам овардааст. Чунин чорабиниҳо ҳамчунин ба тарғиби китоб ҳамчун воситаи муҳими таълим, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ мусоидат мекунанд.
Иштироки муассисаҳои нашриявӣ аз кишварҳои минтақа ва дигар давлатҳо имкон медиҳад, ки анъанаҳои гуногуни адабӣ, самтҳои мавзӯӣ ва лоиҳаҳои муосири нашри китоб ба доираи васеи хонандагон муаррифӣ карда шаванд.


Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» намояндагони соҳаи китоб ва хонандагонро муттаҳид намуда, барои шиносоӣ бо нашрияҳои нав ва густариши робитаҳои фарҳангӣ фазои мусоид фароҳам меорад.

Акс: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
