Душанбе, 28 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 26 октябри соли 2026 дар пойтахти Тоҷикистон Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум — 5G баргузор шуд. Чорабинӣ дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» доир гардид ва ба баррасии дурнамо ва самтҳои афзалиятноки рушди шабакаҳои 5G, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи телекоммуникатсия бахшида шуд.

Тавре дар форум сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иброз дошт, ки дар доираи Стратегия дар 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки операторони алоқаи мобилӣ насби пойгоҳҳои базавии стандарти 5G амалӣ мегардад.
Моҳи октябри соли 2025 Хадамоти алоқа ва операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳумро оид ба таъсиси консорсиум барои рушди шабакаҳои насли панҷум (5G) ба имзо расониданд. Дар доираи он нақшаи ҷорӣ намудани стандарти 5G барои соли 2026 тасдиқ гардидааст, ки насби беш аз 2 ҳазор пойгоҳи базавии 5G-ро дар марказҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои мамлакат пешбинӣ менамояд.

«Аллакай тамоюли мусбати рушди ин технология ба мушоҳида мерасад. Агар дар оғози соли 2026 дар Тоҷикистон 71 пойгоҳи базавии 5G фаъолият мекард, пас имрӯз шумораи онҳо ба 206 адад расидааст», — афзуд Исфандиёри Саъдулло.
Ҳадафи баргузории форум баррасии нақшаҳо ва афзалиятҳои миллии Тоҷикистон дар самти рушди шабакаҳои алоқаи мобилии насли панҷум, такмили соҳаи телекоммуникатсия ва таҳияи стратегияи миллӣ дар ин самт буд.
Гуфта шуд, ки рушди технологияҳои алоқаи мобилии насли панҷум ва Интернети ашё барои рақамикунонии иқтисодиёт, саноат, инфрасохтор ва низоми идоракунии давлатӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Суръати баланди интиқоли маълумот, таъхири ками шабака ва имконияти ҳамзамон пайваст намудани шумораи зиёди таҷҳизот барои ҷорӣ намудани низомҳои зеҳнии идоракунӣ, автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳо замина мегузоранд.
Яке аз самтҳои муҳими чорабинӣ муаррифии таҷрибаи байналмилалии истифодаи технологияҳои 5G ва Интернети ашё буд. Дар ин замина таҷрибаи ширкати Huawei дар татбиқи лоиҳаҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳои минтақа, инчунин имкониятҳои истифодаи қарорҳои истеҳсолкунандагони таҷҳизоти IoT ва ширкатҳои таҳиякунандаи технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид.

Изҳор гардид, ки истифодаи технологияҳои 5G ва Интернети ашё метавонад ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, энергетика, таъминоти об, саноат, истихроҷи маъдан, нақлиёт, логистика ва тандурустӣ мусоидат намояд.
Баргузории чунин форумҳо дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ба таҳкими ҳамкории соҳавӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди иқтисоди рақамӣ мусоидат менамояд.
Технологияҳои 5G ва Интернети ашё аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди инфрасохтори рақамӣ ба шумор рафта, истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногун метавонад ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иқтисодӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва густариши имкониятҳои инноватсионӣ мусоидат кунад.
Акс: АМИТ «Ховар»
