Қазоқистонӣ дар Абу-Даби биринҷии Гран-слэмро ба даст овард
Остона, 30 октябри соли 2026 АИ Караван Инфо. Дзюдочии қазоқистонӣ Талгат Оринбасар дар мусобиқаи силсилаи Гран-слэм (Grand Slam) дар Абу-Даби (Аморати Муттаҳидаи Араб) медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар мубориза барои ҷои сеюм дар категорияи вазни то 60 кг ӯ ҳамватани худ Елдос Сметовро мағлуб намуд. Сметов мусобиқаро дар ҷои панҷум ба анҷом расонид.
Мусобиқаҳои силсилаи Гран-слэм ба рейтинги ҷаҳонии федератсияи байналмилалии дзюдо дохил мешаванд.
Аксҳо: КОМ ҶҚ
