Душанбе, 3 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Муассисаи давлатии «Пойгоҳи бостоншиносӣ ва осорхонаи Панҷакент-Саразм — 5500-солагии Саразм» конфронси илмӣ таҳти унвони «Саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим» баргузор мегардад. Чорабинӣ ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии оғози ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳри қадима бахшида шудааст.

Конфронс бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Тавре директори пойгоҳи бостоншиносӣ Абдулвоҳид Зиёзода иттилоъ дод, иштирокчиён натиҷаҳои таҳқиқоти бисёрсолаи илмӣ, саҳми олимон дар омӯзиши тамаддуни суғдӣ, инчунин масъалаҳои ҳифз ва муаррифии байналмилалии мероси таърихию фарҳангиро баррасӣ мекунанд.
Ҳашт даҳсола таҳқиқоти бостоншиносӣ
Омӯзиши илмии Панҷакенти қадим бо фаъолияти экспедитсияи бостоншиносии суғдию тоҷикӣ алоқаманд аст, ки соли 1946 таъсис ёфта, аз соли 1947 дар ин мавзеъ ҳафриёти мунтазам анҷом дода мешавад. Дар натиҷаи ин таҳқиқот маълумоти арзишманд оид ба таърих, меъморӣ, санъати тасвирӣ ва ҳаёти иҷтимоии суғдиён ба даст омадааст.
Дар марҳилаҳои гуногун олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла Александр Якубовский, Михаил Дьяконов, Александр Беленитский ва Борис Маршак дар омӯзиши ёдгориҳо саҳм гузоштаанд.

Ҳамзамон, муҳаққиқони тоҷик, аз ҷумла Иброҳим Раҳматуллоев, дар таҳқиқи ин мероси таърихӣ нақши муҳим доштаанд. Меҳнати чанд насли бостоншиносон имкон дод, ки заминаи васеи илмӣ оид ба сохтори шаҳр, тарзи зиндагии сокинон ва робитаҳои фарҳангии минтақа фароҳам оварда шавад.
Панҷакент — яке аз марказҳои тамаддуни суғдӣ
Панҷакенти қадим, ки ба асрҳои V–VIII тааллуқ дорад, яке аз марказҳои муҳими шаҳрсозӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт. Он аз чор қисми асосӣ — шаҳр, қалъаи шоҳӣ, работ ва гӯркӯҳ иборат буд. Боқимондаҳои биноҳои истиқоматӣ, ибодатгоҳҳо, кӯчаҳо, дӯконҳои тиҷоратӣ ва толорҳои қабул аз рушди ҳаёти шаҳрӣ ва сатҳи баланди меъмории он давра шаҳодат медиҳанд.
Расмҳои деворӣ, ки арзиши баланди таърихию бадеӣ доранд, дар ин миён ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунанд. Онҳо рӯзгори ҳаррӯза, маросимҳо, анъанаҳои ҳунарӣ ва ҷаҳонбинии маънавии суғдиёнро инъикос менамоянд.

Бозёфтҳои бостоншиносӣ барои дарки сохтори иҷтимоию иқтисодии ҷомеаи қадим ва робитаҳои фарҳангии он бо минтақаҳои дигар аҳаммияти калон доранд.
Мавқеи ҷуғрофии Панҷакент дар водии Зарафшон ва масири Роҳи бузурги Абрешим ба рушди он таъсири назаррас расонидааст. Суғдиён дар муносибатҳои тиҷоратии байни Шарқу Ғарб нақши муҳим дошта, ба мубодилаи мол, дониш ва арзишҳои фарҳангӣ мусоидат мекарданд.
Имрӯз Панҷакенти қадим ҳамоно мавриди таваҷҷуҳи олимон ва сайёҳон қарор дорад. Ёдгориҳои он на танҳо барои омӯзиши таърихи минтақа, балки барои ҳифзи хотираи таърихӣ ва муаррифии саҳми тамаддуни суғдӣ дар мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ аҳаммияти хос доранд.
Акс: https://varandej.livejournal.com/861295.html
