Душанбе, 4 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳр Раҳмиддин Саломзода дар Дуюмин муколамаи минтақавӣ оид ба устувории шаҳрҳо, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуд.

Зимни чорабинӣ Раҳмиддин Саломзода дар бораи дастовардҳои пойтахти Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи он маълумот дода, аз ҷумла таҳкими инфрасохтори шаҳрӣ, татбиқи роҳҳои ҳалли аз ҷиҳати экологӣ устувор ва баланд бардоштани омодагии шаҳр ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва хавфи офатҳои табииро муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамзамон, зарурати тақвияти ҳамкории минтақавӣ миёни шаҳрҳои Осиёи Марказӣ таъкид гардид. Ба гуфтаи намояндаи Душанбе, табодули дониш, таҷриба ва роҳҳои ҳалли муассир метавонад ба баланд бардоштани устувории шаҳрҳо ва такмили низоми идоракунии хавфҳои табиӣ мусоидат намояд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими муколама ба имзо расидани Протоколи ниятҳо оид ба таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ дар самти баланд бардоштани устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим гардид.

Илова бар ин, шумораи шаҳрҳои узви Эътилофи шаҳрҳои устувори Осиёи Марказӣ ба даҳ расид. Ба ин ташаббус шаҳри Исфараи Тоҷикистон низ ҳамроҳ шуда, иштироки кишварро дар ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба масъалаҳои устувории шаҳрҳо тақвият бахшид.
Муколама бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон баргузор гардида, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ҳамкориро бо сохторҳои давлатӣ ва шарикони кишварҳои минтақа идома медиҳад. Ҳадафи ин ҳамкорӣ фароҳам овардани муҳити бехатару устувори шаҳрӣ, таҳкими иқтидори шаҳрҳо ва ҳифзи аҳолӣ аз таҳдидҳои табиӣ ва иқлимӣ мебошад.
Акс: БРСММ дар Тоҷикистон.
