Душанбе, 12 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар сатҳи муовинони вазир баргузор гардид. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар кори ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода, намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони ҳайатҳои расмӣ, аъзои Шуро, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, роҳбарони ташкилотҳои базавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Ҳомид Ҳошимзода зимни суханронии ифтитоҳӣ баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баландро барои Тоҷикистон нишонаи эътимод ва имконияти муҳим барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф номид. Ба гуфтаи ӯ, ҷаласа дар соли 35-солагии таъсисёбии ИДМ баргузор мегардад. Дар тӯли ин солҳо кишварҳои узви Иттиҳод бо вуҷуди роҳу равишҳои гуногуни рушди миллӣ тавонистаанд робитаҳои дӯстона, арзишҳои фарҳангӣ, анъанаҳои илмию таълимиро ҳифз намуда, барои таҳкими робитаҳои байни наслҳо замина фароҳам оваранд.
Маориф ҳамчун омили асосии рушди зеҳнии ҷомеа, ташаккули захираҳои инсонӣ, рақобатпазирии иқтисодӣ ва пешрафти устувори давлатҳо номида шуд. Рушди зеҳни сунъӣ, рақамикунонии босуръат, тағйирёбии бозори меҳнат ва пайдоиши касбу ихтисосҳои нав, чунон ки қайд гардид, зарурати бознигарии равишҳои анъанавии таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони соҳибкасбро ба миён мегузорад.
Барои Тоҷикистон рушди маориф ва илм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад. Муовини якуми вазир таъкид кард, ки масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, дастгирии омӯзгорон, тарбияи насли наврас, рушди илм ва омода намудани кадрҳои баландихтисос бо таваҷҷуҳи доимии Президент Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доранд. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун санади муҳимми муайянкунандаи самтҳои дарозмуддати рушди соҳа арзёбӣ гардид. Зарурати ҳамоҳангсозии рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ бо баланд бардоштани сифати таълим, такмили мазмуну муҳтавои таҳсилот, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва мутобиқ намудани низоми омодасозии кадрҳо ба талаботи ҷомеаи муосир таъкид шуд.
Ҳомид Ҳошимзода ҳамчунин ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, рушди таҳсилоти фарогир, истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар раванди таълиму тарбия, таъмини дастрасии баробари кӯдакон ва ҷавонон ба таҳсилоти босифат ва ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ ба аҳаммияти ҳамкориҳои бисёрҷониба ва зарурати идомаи ташаббусҳои муштарак ҷиҳати рушди фазои ягонаи таҳсилот дар доираи ИДМ ишора кард.

Дар ҷаласа 23 масъала баррасӣ гардид. Аз ҷумла:
- иҷрои қарорҳои қаблии Шуро;
- вазъи фаъолият ва дурнамои рушди ташкилотҳои базавии давлатҳои иштирокчӣ дар самтҳои «забон ва фарҳанг», омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳсилоти фарогир ва махсус;
- татбиқи Созишнома дар бораи таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи шабакавии ИДМ;
- ташаккули фазои ягонаи таҳсилот барои солҳои 2027-2035;
- таъмини сифати таҳсилоти касбӣ ва натиҷаҳои фаъолияти Комиссияи соҳаи таъмини сифати таҳсилот;
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳамкориҳои илмӣ;
- омодагӣ ва баргузории Анҷумани омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Фестивали байналмилалии маҳорати педагогӣ;
- беҳтар намудани низоми ғизои хонандагон;
- омодагӣ ба Форуми II омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои узви ИДМ дар Қазоқистон;
- натиҷаҳои Бозиҳои XX ҷавонони Делфии ИДМ ва дурнамои идомаи ин ташаббус;
- иштироки муассисаҳои таълимӣ дар чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии ИДМ;
- тасдиқи Нақшаи кори Шуро барои солҳои 2027-2028 ва масъалаҳои ташкиливу сохторӣ, аз ҷумла муайян намудани раёсати нав ва макону вақти ҷаласаи навбатӣ.
Намояндагони кишварҳои иштирокчӣ ва роҳбарони ташкилотҳои базавӣ маъруза ва пешниҳодҳои мушаххас манзур намуда, дар бораи таҷрибаи кишварҳои худ дар рушди низоми маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омодасозии кадрҳои педагогию илмӣ ва татбиқи равишҳои муосири таълим мубодилаи афкор карданд.
Иштирокчиён гузариши раисиро ба Ҷумҳурии Арманистон барои марҳилаи минбаъда баррасӣ ва мувофиқа намуданд. Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ аз номи роҳбарияти Кумитаи иҷроия ба як қатор аъзои Шуро ва роҳбарони ташкилотҳои базавӣ барои саҳми арзанда дар таҳким ва рушди фазои ягонаи таҳсилоти ИДМ Ифтихорнома ва Сипоснома супорид. Аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда ва вазифаҳои марбут ба татбиқи ташаббусҳои муштарак муайян карда шуданд.
Пас аз анҷоми қисми расмии ҷаласа иштирокчиён ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф меоранд ва бо фаъолияти озмоишгоҳ ва раванди таълим дар факултети молия шинос мешаванд. Тибқи барнома, 11 ноябр меҳмонон аз Қалъаи Ҳисор боздид намуда, бо таъриху фарҳанг ва ёдгориҳои таърихии миллати тоҷик шинос хоҳанд шуд.
Акс:Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
