Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин самтҳои афзалиятноки шарикии стратегӣ ва амнияти минтақавиро баррасӣ карданд - ИА Караван Инфо
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин самтҳои афзалиятноки шарикии стратегӣ ва амнияти минтақавиро баррасӣ карданд

Душанбе, 14 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои раёсати Федератсияи Россия дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баҳои баланд дода, аҳаммияти ҳамкорӣ дар доираи ин сохторро барои таъмини амнияту субот дар қаламрави кишварҳои узви созмон таъкид намуд.

Зимни музокирот, ки дар фазои созанда, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди комил баргузор гардиданд, сарони ду давлат доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд. Ба сатҳи баланди муколамаи сиёсӣ ва татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки қаблан дар сатҳи олӣ ба даст омада буданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Яке аз самтҳои алоҳидаи музокирот масъалаҳои таъмини амният ва субот дар минтақа буд. Барои Тоҷикистон ва Россия, ки дар доираи механизмҳои дуҷониба ва созмонҳои бисёрҷониба ҳамкорӣ доранд, ин масъалаҳо бо дарназардошти вазъи кунунии байналмилалӣ ва таҳаввулоти минтақа аҳаммияти хосса доранд.

Дар рӯзномаи мулоқот ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ низ ҷойгоҳи муҳимро ишғол намуд. Ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобилаи худро ба афзоиши гардиши мол ва густариши сохтори он тавассути гуногунсозии номгӯйи молҳои содиротию воридотӣ тасдиқ карданд. Энергетика, саноат, кишоварзӣ, инфрасохтори нақлиётию логистикӣ ва коммуналӣ аз ҷумлаи самтҳои дорои дурнамои назаррас арзёбӣ гардиданд.

Чунин равиш на танҳо рушди минбаъдаи робитаҳои анъанавии тиҷоратӣ, балки тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ ва истеҳсолиро низ дар назар дорад.

Истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар соҳаҳои зикршуда метавонад ба таҳкими робитаҳои иқтисодии ду кишвар ва фароҳам овардани заминаи иловагӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак мусоидат намояд.

Ҳамчунин, дурнамои нави ҳамкорӣ дар соҳаи технология муайян гардид. Аз ҷумла, ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкориро дар самтҳои рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, хизматрасониҳои давлатии электронӣ ва амнияти киберӣ таъкид карданд. Ин самтҳо барои навсозии низоми идоракунии давлатӣ, рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба аҳолӣ рӯз то рӯз аҳаммияти бештар пайдо мекунанд.

Дар бахши гуманитарӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Масъалаҳои дастгирии минбаъдаи табодули фарҳангӣ, таълимӣ ва академӣ, ки ба таҳкими робитаҳои анъанавии байни халқҳои ду кишвар равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Илова бар ин, ҷонибҳо доир ба баъзе ҷанбаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ки яке аз самтҳои муҳими рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Россия ба ҳисоб меравад, мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот сарони ду давлат масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро низ баррасӣ карда, фарогирии ҳамкориҳои Тоҷикистону Россияро дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобила таъкид намуданд.

Дар маҷмӯъ, мулоқоти баргузоршуда аз талоши Душанбе ва Москва барои рушди шарикии дуҷониба на танҳо дар самтҳои анъанавӣ, балки бо дарназардошти афзалиятҳои нави иқтисодӣ, технологӣ ва минтақавӣ шаҳодат медиҳад. Фарогирии масъалаҳои амният, тиҷорат, сармоягузорӣ ва ҳамкории гуманитарӣ хусусияти ҳамаҷонибаи муносибатҳои ду давлатро инъикос менамояд.

Акс: АМИТ «Ховар».