Душанбе, 16 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Тақвияти ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, такмили механизмҳои пешгирии коррупсия ва истифодаи технологияҳои рақамӣ барои ошкор намудани хавфҳои коррупсионӣ аз масъалаҳои меҳварии Конференсияи сеюми солонаи иштирокчиёни Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ буданд.

Чорабинӣ 13 ноябр дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси»-и Душанбе бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон баргузор гардид.
Дар конференсия роҳбарон ва намояндагони мақомоти ваколатдори мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Ҳайати васеи иштирокчиён имкон фароҳам овард, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсия бо дарназардошти таҷрибаи фаъолияти мақомоти давлатӣ, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дурнамои ҳамкории минтақавӣ баррасӣ шаванд.
Ба кори конференсия директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Султонзода Сулаймон Саид ва Намояндаи минтақавии UNODC Оливер Штолпе ҳусни оғоз бахшиданд. Онҳо дар суханрониҳои худ ба аҳаммияти амалии Платформаи минтақавӣ дар татбиқи муқаррароти Конвенсияи СММ зидди коррупсия ва ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳои иштирокчӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Директори Агентӣ зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид кард, ки коррупсия ҳамчун падидаи фаромиллӣ ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, волоияти қонун, эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ ва таъмини амнияти иқтисодии кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ба таъкиди ӯ, муборизаи муассир бо ин зуҳурот тақвияти пайвастаи ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ҳамоҳангсозии тадбирҳои пешгирикунанда ва ҳуқуқиро тақозо менамояд.

Дар ин замина, Платформаи минтақавӣ ҳамчун механизми муҳими ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак, табодули таҷрибаи пешқадам ва мусоидат ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишварҳои иштирокчӣ арзёбӣ гардид.
Аҳаммияти чунин ҳамкорӣ дар он зоҳир мешавад, ки хавфҳои коррупсионӣ аксаран аз доираи як давлат берун рафта, мубодилаи иттилоот, таҷриба ва усулҳои муассири муқовиматро миёни мақомоти ваколатдори кишварҳо тақозо мекунанд.
Тибқи рӯзномаи конференсия, иштирокчиён раванди иҷрои тавсияҳои даври якуми баррасии татбиқи Конвенсияи СММ зидди коррупсияро дар кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин масъалаҳои пешгирӣ ва танзими бархӯрди манфиатҳо, истифодаи воситаҳои муосири арзёбӣ ва муайян намудани сатҳи коррупсия, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи Платформа муҳокима гардиданд.
Дар баробари ин, ба зарурати такмили механизмҳои пешгирикунандаи коррупсия, таҳкими шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, истифодаи усулҳои муосири арзёбии хавфҳои коррупсионӣ ва густариши ҳамкории байни мақомоти ваколатдор таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Яке аз самтҳои муҳими муҳокима истифодаи имкониятҳои технологияҳои нав дар мубориза бо коррупсия буд. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар фаъолияти минбаъдаи Платформа ба таҳия ва ҷорӣ намудани механизмҳои инноватсионӣ, аз ҷумла технологияҳои рақамӣ, имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва воситаҳои муосири таҳлили маълумот таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Истифодаи чунин технологияҳо метавонад барои сари вақт ошкор намудани хавфҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани самаранокии назорати давлатӣ ва таҳкими шаффофияти равандҳои идоракунӣ мусоидат намояд. Дар шароити рақамикунонии идоракунии давлатӣ таҳлили ҳаҷми бузурги маълумот ва автоматикунонии равандҳои назоратӣ метавонанд ба воситаҳои муассири пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва муайян намудани омилҳои хавф табдил ёбанд. Ҳамзамон, самаранокии истифодаи чунин воситаҳо аз сифати маълумот, заминаи ҳуқуқӣ ва риояи принсипҳои шаффофият ва масъулият вобаста мебошад.
Баргузории Конференсияи сеюми солона дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории минтақавиро дар татбиқи Конвенсияи СММ зидди коррупсия бори дигар таъкид намуд. Чунин минбарҳо барои омӯзиш ва муқоисаи таҷрибаи кишварҳо, ҳамоҳангсозии самтҳои афзалиятнок, таҳияи роҳҳалҳои муштарак ва густариши шарикии байналмилалӣ имконият фароҳам меоранд. Дар ин раванд, натиҷаи асосии ҳамкорӣ бояд ба иҷрои амалии тавсияҳо, такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташаккули механизмҳои устувори пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия равона карда шавад.
Акс: Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
