“Дипломатияи варзишӣ” заминаи муҳими муошират ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон - ИА Караван Инфо
“Дипломатияи варзишӣ” заминаи муҳими муошират ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 октябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон нишасти мазкурро заминаи муҳими муошират ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар тамоми самтҳо, ки дар чаҳорчуби Муколамаи ҳамкории Осиё муайян шудааст, аз ҷумла масоили рушди варзиш, ташаккули зербинои он, тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи дурусти насли ҷавон ҳавасманд мебошад.

Президенти Тоҷикистон бо қаноатмандӣ аз пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки аз руи он қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ёдовар шуданд.

Аз кишварҳои Осиё даъват намуданд, ки бо назардошти таъриху тамаддуни куҳан ва анъанаҳои ғании миллии худ, ба эҳёи намудҳои гуногуни варзиши миллӣ, ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор кардани аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ ва Мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба дзюдо миёни ҷавонон ва наврасонро тадбирҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наслҳои оянда номиданд.

Таъкид гардид, ки кишвари мо “Дипломатияи варзишӣ”-ро, дар баробари дигар самтҳои ҳамкорӣ, ҳамчун василаи мусоид барои рушди устувор, таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва дар маҷмуъ заминаи муносиб барои иҷрои Дидгоҳ оид ба ҳамкорӣ дар Осиё дар давраи то соли 2030 медонад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба масъалаҳои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, тавсеаи бозори тиҷоративу молиявӣ дар Осиё ва таҳкими рақобатпазирии иқтисодии ин минтақаи фарохи олам дар бозори ҷаҳонӣ андешаронӣ намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

error: