Дар Қазоқистон 24,5 миллион тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ намуда шуд: Токаев ба кишоварон ташаккур гуфт - ИА Караван Инфо
Дар Қазоқистон 24,5 миллион тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ намуда шуд: Токаев ба кишоварон ташаккур гуфт

Остона, 23 ноябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев дар Форуми III кормандони кишоварзӣ иштирок намуд, ки дар он саҳми кишоварзонро дар рушди минтақаҳо ва амнияти озуқавории кишвар қайд намуд.

Ба гуфтаи сарвари давлат, сарфи назар аз шароити мураккаби обу ҳаво, маъракаи кишти тирамоҳӣ самаранок анҷом ёфт: 24,5 миллион тонна зироатҳои кишоварзӣ ҷамъоварӣ намуда шуданд.

“Шумо кори ниёгонро бо шаъну шараф идома медиҳед ва бо меҳнати худ некӯаҳволии мардумро афзун мекунед“, – таъкид  кард Қасим–Ҷомарт Токаев, ва ба деҳқонон барои меҳнат ташаккур гуфт.

Президент инчунин ба зарурати истифодаи оқилонаи захираҳои об ва чарогоҳҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии сокинони деҳот таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ҳукумат ва вазорати профилӣ вазифадоранд, ки пешниҳодҳои дар форум пешниҳодшударо ба назар гиранд.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, корхонаҳои агротехникии ватанӣ ва ширкатҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд.

Форум бо супоридани мукофотҳои давлатӣ ба шаҳрвандоне, ки дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми назаррас гузоштаанд, ба анҷом расид.

Аксҳо: Акорда