«Шаҳри Душанбе мизбони мусобиқаи бонуфузи World Judo Masters 2026 мешавад» - ИА Караван Инфо
«Шаҳри Душанбе мизбони мусобиқаи бонуфузи World Judo Masters 2026 мешавад»

Душанбе, 21 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Пойтахти Тоҷикистон мизбони яке аз муҳимтарин мусобиқаҳои ҷудои ҷаҳонӣ хоҳад шуд. Мусобиқаи бонуфузи World Judo Masters 2026 аз 18 то 20 декабри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ин мусобиқа яке аз муҳимтарин чорабиниҳои тақвими ҷаҳонии ҷудо ба ҳисоб рафта, дар доираи мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо (IJF World Tour) баргузор мешавад. Дар он беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон иштирок намуда, танҳо бо даъват ба рақобат ҷалб мешаванд.

Дар мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон 36 ҷудокори беҳтарин аз ҳар вазн ширкат мекунанд ва маҳдудияти шумораи иштирокчиён аз як кишвар вуҷуд надорад. Ин маънои онро дорад, ки қавитарин паҳлавонони ҷаҳон мустақиман бо ҳам рақобат мекунанд.

Мизбонии World Judo Masters 2026 дар Душанбе боз як қадами муҳим дар роҳи рушди варзиши ҷудо дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ин мусобиқа на танҳо рақобати сатҳи олӣ, балки муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ низ хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки дар таърихи ҷудои Тоҷикистон Темур Раҳимов (+100 кг) ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) дар мусобиқаҳои ситораҳои ҷудои ҷаҳон соҳиби медал шудаанд. Ҳарду соҳиби нишони нуқра гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудо аз рӯи раддабандӣ баъд аз Бозиҳои Олимпӣ ва Чемпионати ҷаҳон дар ҷои сеюм меистад.

Акс: хадамоти матбуотии Федератсияи ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон / IJF