Душанбе, 25 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 23 ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Абӯалӣ ибни Сино ва саҳми ӯ дар ташаккули ҷаҳонбинии нави илмӣ» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи силсилаи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти ду чеҳраи барҷастаи илму адабиёти тоҷику форс — Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём доир шуд.
Дар конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин, намояндагони ЮНЕСКО, корпуси дипломатӣ, олимону муҳаққиқон ва намояндагони доираҳои илмии кишварҳои гуногун иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи конфронс вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, муовини Директори генералии ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ, профессор Дениз Пирес де Карвалью ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар назди ЮНЕСКО Аҳмад Покатчӣ суханронӣ карданд.
Меҳвари асосии муҳокимаҳо омӯзиш ва тарғиби байналмилалии мероси ғании илмӣ ва фалсафии Абӯалӣ ибни Сино, саҳми арзишманди ӯ дар рушди тиб, фалсафа, мантиқ ва илмҳои табиӣ буд. Ҳамзамон, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ, ҳифз ва рақамикунонии дастхатҳои нодир, инчунин густариши муколамаи байнифарҳангӣ ва тамаддунҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баргузории чунин конфронс дар қароргоҳи ЮНЕСКО ба ташаббуси Тоҷикистон аҳаммияти махсуси байналмилалӣ мебахшад. Мероси Ибни Сино, ки ба рушди афкори илмии Шарқу Ғарб таъсири назаррас гузоштааст, ҷузъи муҳими дастоварди зеҳнии умумибашарӣ ба шумор меравад. Омӯзиши он дар заминаи илмии муосир барои густариши мубодилаи академӣ ва таҳқиқоти муштарак имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Силсилаи чорабиниҳо дар Париж то 27 ноябр идома меёбад. Дар доираи он 24 ноябр конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём: аҳаммияти ҷаҳонӣ ва пажуҳишҳои муосир» ва ҳамчунин зиёфати расмӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
25 ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО барномаи фарҳангӣ ва консерти ҳунармандони тоҷик доир шуда, ба муаррифии мероси ғании мусиқӣ ва анъанаҳои ҳунарии халқи тоҷик бахшида мешавад. Барномаи чорабиниҳо 27 ноябр бо баргузории консерти ҳунармандони тоҷик дар шаҳри Париж ҷамъбаст мегардад.
Ин ташаббуси илмию фарҳангӣ ба таҳкими дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон, муаррифии мероси таърихию маънавии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг равона шудааст.
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
