Вазорати тандурустии Казокистон таваччухи шахрвандонро ба хуручи вируси Марбург дар баъзе кишвархои Африко чалб мекунад ва даъват мекунад, ки чорахои эхтиёти андешида шаванд. Вируси Марбург як бемории хатарноки сирояти мебошад, ки аз хайвонот ба одамон мегузарад ва сипас метавонад дар байни одамон пахн шавад.
Ба нишонахои асосии бемори таби баланд, дарди сар, дарди мушакхо, догхо, дарунрави ва хунрави дохил мешаванд. Мутаассифона, то хол табобати мушаххас ва ваксина барои вируси Марбург вучуд надорад.
Дар робита ба ин, Вазорати Тандурусти ба казокистонихое, ки ба кишвархои эндемикии Марбург сафар намудани хастанд, тавсия медихад, ки як катор чорахои пешгирикунандаро риоя кунанд: аз тамос бо одамони бемор ва хайвоноти вахши канорагири кунанд, дастхояшонро бодиккат бишуянд ва танхо оби чушонидашуда ва гизои гармиро истеъмол кунанд.
Барои пешгирии воридшавии сироят ба Казокистон, назорати санитари-карантини дар фурудгоххои байналмилали пурзур намуда шуд. Хамаи мусофирони воридшаванда аз термометрия мегузаранд.
Вазорати тандурусти шахрвандонро даъват мекунад, ки хушёр бошанд ва дар нишонахои аввали бемори фавран ба ёрии тибби мурочиат кунанд.
Аксхо: freepik.com

