Президенти Казокистон дар сухбати телефони хамкориро бо Эмомали Рахмон барраси намуд - ИА Караван Инфо
Президенти Казокистон дар сухбати телефони хамкориро бо Эмомали Рахмон барраси намуд

Касим-Чомарт Токаев бо Президенти Точикистон Эмомали Рахмон сухбати телефони анчом дод, ки дар чараёни он чонибхо дурнамои тахкими робитахои дучонибаро дар сохахои гуногун барраси намуданд. Сарони давлатхо рушди мусбати муносибатхои казокистону точикистонро кайд намуда, омодагии худро барои идомаи густариши хамкори дар сохахои тичоратию иктисоди ва фарханги-гуманитари изхор намуданд.

Таваччухи махсус ба татбики созишномахои дар сатхи Оли бадастомада, аз чумла созишномахое, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Казокистон ба Точикистон дар мохи августи соли равон ба кайд гирифта шудаанд, равона намуда шуд.

Касим-Чомарт Токаев хамчунин, Мухтарам Эмомали Рахмонро бо рузи таваллудаш табрик гуфта, ба у дар фаъолияти давлати ба нафъи Мардуми Точикистон комёбихои минбаъда таманно намуд. Дар навбати худ, у сахми шахсии Рахмонро дар тахкими хамкорихои ду кишвар бахои баланд дод.

Харду чониб омодагии худро барои амиктар намудани хамкории байнидавлати, ки ба рухияи дусти, шарикии стратеги ва иттифок асос ёфтааст, тасдик намуданд.

Аксхо: Акорда

error: