Дар Остона форуми Солонаи Ассамблеяи халкии Казокистон “Корвони шафкат” баргузор шуд, ки сарпарастон, ихтиёриён ва намояндагони макомоти давлатиро аз тамоми кишвар чамъ овард. Чорабинии бахшида ба Рузи Чумхури, шаходати равшани ягонаги ва хамдигарфахмии Казокистонихо гардид.

Дар доираи форум натичахои аксияи бузурги чумхуриявии “Корвони шафкат”, ки 1 март огоз ёфт, чамъбаст намуда шуданд. Дар ин муддат ихтиёриён ва хайрхохон аксияхои зиёди экологи, ичкимои ва хайрияви, ба монанди “Журектен журекке” ва “Мектепке жол” гузарониданд.
Дар форум маросими тантанавии чоизасупории иштирокчиёни фаъолтарини аксия баргузор шуд. Бо нишони фахрии АНК Жомарт Жан сарпарастон, ихтиёриён ва намояндагони ташкилотхои чамъияти, ки ба хайрия сахми назаррас гузоштаанд, кайд намуда шуданд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Вазорати фарханг ва иттилооти ЧК
