Прокурори генералии  Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо сафири Русия Семен Григорьев мулоқот намуд – ИА Караван Инфо
Прокурори генералии  Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо сафири Русия Семен Григорьев мулоқот намуд

Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Русияро дар соҳаи мубориза бо терроризм ва экстремизм баррасӣ карданд, хабар медиҳад сафорати Русия дар Тоҷикистон.

 «Мусоҳибон масъалаҳои мухталифи ҳамкории стратегиро, ки байни Русия ва Тоҷикистон вуҷуд дорад, аз ҷумла кӯшишҳои муштарак дар муқобили терроризм ва экстремизм, мавриди муҳокима қарор доданд», – таъкид шудааст дар хабарномаи расмии сафорат.

Пештар, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содик Имомӣ гуфт, ки ҳамкорӣ байни Душанбе ва Маскав дар мубориза бо экстремизм ва гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар дар минтақа мавқеи пешсафро ишғол мекунад.

Вай инчунин таъкид намуд, ки муносибатҳои муваффақи ду кишвар дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ аҳамияти зиёдеро доранд.

Акс: Сафорати Русия дар Тоҷикистон

error: