
Дар Алмаато нахустин чаласаи конфронси Авруосиёи авиатсияи шахрванди (EACAC) баргузор шуд, ки Арманистон, Казокистон, Киргизистон, Точикистон ва Узбекистонро муттахид намуд. Максади таъсиси EACAC тахкими хамкори байни макомоти авиатсионии кишвархои минтака, баланд бардоштани бехатарии парвозхо, содда намудани тартибот ва рушди бозори авиатсиони мебошад.
Казокистон дар ташаббуси таъсиси EACAC накши калиди бозид. Муовини вазири наклиёти ЧК Талгат Ластаев котиби генералии созмон интихоб шуд. У кайд намуд, ки EACAC ба макомоти авиатсионии кишвархои иштирокчи имкон медихад, ки самаранок хамкори кунанд, тачриба ва донишро мубодила кунанд ва дар арсаи байналмилали мавкеи ягона пайдо кунанд.
Иштирокчиёни чаласа эъломияи таъсиси EACAC-ро имзо намуданд ва самтхои асосии фаъолияти ташкилотро тасдик намуданд. Дар байни онхо: тахкими хамкории минтакави, тахияи сиёсатхо ва расмиёти умуми, баланд бардоштани бехатарии парвозхо, содда намудани расмиятхо ва рушди авиатсияи бесарнишин.
Аксхо: Вазорати наклиёти ЧК