Дар Казокистон чори намудани сузишвории авиатсионии экологи ба накша гирифта шудааст – ИА Караван Инфо
Дар Казокистон чори намудани сузишвории авиатсионии экологи ба накша гирифта шудааст

Дар Алмаато семинари минтакавии ИКАО оид ба рушди фурудгоххои экологи баргузор шуд. Иштирокчиён масъалахои мубрами гузариши сохаи авиатсияро ба манбаъхои устувори энергия, аз чумла ба сузишвории устувори авиатсиони (SAF) барраси намуданд.

Муовини вазири наклиёти Казокистон Талгат Ластаев ухдадории кишварро барои расидан ба бетарафии карбон дар авиатсия то соли 2050 таъкид намуд. Казокистон ташаббусхои байналмилалиро дар сохаи хифзи мухити зист фаъолона дастгири мекунад ва омода аст технологияхои пешрафтаро дар сохаи авиатсия чори кунад.

Директори Бюрои минтакавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии ИКАО Николас Ралло ахамияти йталошхои муштараки хамаи кишвархоро барои халли мушкилоти тагирёбии иклим кайд намуд. Вай таъкид намуд, ки авиатсия дар ин раванд накши мухим дорад ва гузариш ба сузишвории сабз яке аз самтхои асосии рушди соха мебошад.

Директори генералии Шурои байналмилалии фурудгоххои Аврупо Оливе Янковетс аз хамаи Кишвархои Осиёи Маркази даъват намуд, ки ба ташаббуси истифодаи сузишвории аз чихати экологи тоза хамрох шаванд. Вай кайд намуд, ки бисер кишвархо аллакай SAF-ро бомуваффакият татбик мекунанд ва Казокистон низ метавонад дар ин самт пешсаф шавад.

Аксхо: Вазорати наклиёти ЧК

error: