Санаи 3 ноябри соли 2024 Муовини Сарвазир Вазири корхои хоричии Казокистон Мурат Нуртлеу бо сафари расми ба Чумхурии Корея омад. Барномаи сафар вохурихо бо рохбарияти Кореяи Чануби, гуфтушунидхо бо Вазири корхои хоричи Чо Тхе Ел ва иштирок дар форуми Осиёи Маркази Чумхурии Кореяро дар бар мегирад.

Дар доираи тахкими хамкорихои иктисоди вазир бо намояндагони ширкатхои Кореяи чануби мулокот намуд. Бо ширкати “Hyundae Hospital” сохтмони беморхонаи бисёрсохави барои 200 кат дар вилояти Алмаато барраси шуд, ки ин кадами мухим барои рушди инфрасохтори ичтимоии Казокистон хохад буд.
Дар мулокот бо” With You E&C ” лоихаи сохтмони корхонаи коркарди партовхо дар вилояти Кизилорда барраси шуд, ки ба Казокистон дар рохи бетарафии карбон то соли 2060 кумак хохад намуд. Ширкат инчунин омодагии худро барои таъсиси чунин корхонахо дар дигар минтакахои кишвар изхор намуд.
Бо корпоратсияхои “Sejong” ва “Seoyon E-HWA” лоихахои истехсоли чузъхои автомобили дар вилояти Костанай мухокима намуда шуданд. Нуртлеу кайд намуд, ки хукумати Казокистон барои татбики бомуваффакияти ин ташаббусхо, ки робитахои иктисодии байни кишвархоро таквият медиханд, дастгирии зарури хохад намуд.
Аксхо: ВКХ ЧК