Калисои православии руси (КПР) дар масъалаи хукми катл мавкеи бетарафро ишгол мекунад, онро истикбол намекунад, аммо онро махкум намекунад. Дар ин бора Патриархи Москва ва Тамоми Руссия Кирилл изхор дошт.

“Албатта, куштани шахс хамчун чазо барои чиноятхои у чораи охирин аст” гуфт Патриарх. Вай таъкид намуд, ки идеал ин набудани чиноятхое мебошад, ки метавонанд ба чунин чорахои шадид оварда расонанд. Патриарх инчунин илова намуд, ки калисо хукми катлро тасдик нанамудааст, аммо онро махкум нанамудааст, агар он “бо конун амали намуда шавад”.
Ба гуфтаи раиси КПР, додани тавсияи универсали оид ба хукми катл гайриимкон аст, зеро ин ихтиёри давлат боки мемонад. “Бехтар мебуд, ки одамон аз хаёт махрум нашаванд”, — хулоса намуд Патриарх Кирилл ва кайд намуд, ки ин масъала аз чониби намояндагони низоми хукуки муносибати бодиккатро талаб мекунад.
Аксхо: Сергей Власов, хадамоти матбуоти патриархи Москва ва Тамоми Руссия