Президенти Казокистон Касим-Жомарт Токаев бо Сафири Навтаъиншудаи Фаронса Силван Гиоге мулокот намуд ва уро бо ба кор шуруъ намудан табрик гуфт. Сарвари давлат ахамияти тахкими муносибатхои казокистону фаронсаро кайд намуда, таъкид намуд, ки рисолати сафир бо мархилаи фаъоли рушди шарикии дучониба мувофикат мекунад.

Дар чараени сухбат масъалахои марбут ба сафари Ояндаи Президенти Казокистон ба Фаронса барраси шуданд. Токаев изхори бовари намуд, ки сафар имкон медихад, ки самтхои нави хамкори байни Остона ва Париж муайян намуда шаванд ва инчунин, шарикии стратеги таквият дода, барои хамкори дар сохахои гуногун импулсхои иловаги ба вучуд оранд.

Президент ба Силван Гиоге дар рисолати худ муваффакият орзу намуд ва омодагии Казокистонро барои рушди хамкории созанда бо Фаронса таъкид намуд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Акорда