Дар Вазорати фарханг ва иттилооти Казокистон бо намояндаи Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва чинояткори (УНП СММ) мулокот баргузор шуд. Чонибхо имкониятхои хамкори дар сохаи пешгирии хукуквайронкунихо дар байни чавонон ва таргиби тарзи хаёти солимро барраси намуданд.

Муовини вазири фарханг ва иттилоот Евгений Кочетов ахамияти ин самтхоро барои Казокистон таъкид намуд. Вай дар бораи тадбирхое, ки давлат барои халли мушкилоти чавонон, аз чумла таъсиси Шурои сиёсати чавонон ва татбики консепсияи дахлдор андешидааст, накл намуд.
Директори намояндагии минтакавии УНП СММ Оливер Штолпе як катор барномахоеро пешниход намуд, ки ба кор бо чавонон равона намуда шудаанд. Аз чумла, у дар бораи барномаи “Ба хаёт ворид шавед” накл намуд, ки варзишро барои рушди малакахои муфиди чавонон истифода мебарад. Инчунин, пешниход намуда шуд, ки барои мухокимаи муфассалтар дар бораи ташаббусхои УНП СММ брифинги васеъ гузаронида шавад.
Чонибхо омодагии худро барои хамкории минбаъда дар сохаи пешгирии чинояткори дар байни чавонон изхор намуданд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Вазорати фарханг ва иттилооти ЧК