Президенти Русия Владимир Путин ба Казокистон барои муносибати эхтиёткорона ба забони руси изхори сипос намуда, ахамияти кушодани мактабхои руси дар минтакахои чанубии кишварро кайд намуд. Дар маколаи худ барои Хакикати Казокистон у ахамияти ташаббуси Казокистонро оид ба таъсиси созмони Байналмилали оид ба забони руси таъкид намуд, ки фаъолияти он ба пешбурди забони руси хамчун воситаи муоширати байнидавлати ва байнимилли мусоидат мекунад.

Путин инчунин, шахсан ба Президенти Казокистон Касим-Жомарт Токаев барои сахмгузори дар хифз ва рушди забони руси дар кишвар изхори сипос намуд. Дар маколаи худ Путин кайд намуд, ки чунин икдомхо робитахои фарханги ва таърихии байни ду халкро таквият медиханд.
Ин икдом дар арафаи сафари Владимир Путин ба Казокистон сурат гирифт. Санаи 27 ноябр президенти Русия бо даъвати Касим-Жомарт Токаев бо сафари давлати омад. Дар доираи сафар музокироти сатхи оли, инчунин иштирок дар Форуми XX хамкории байниминтакавии Казокистон ва Русия ба накша гирифта шудааст. 28 ноябр Токаев сессияи Шурои амнияти дастачамъии СААД-ро баргузор мекунад, ки дар он масъалахои мубрами амнияти минтакави ва байналмилали мухокима намуда мешаванд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Акорда