Дар 10 соли охир Чумхурии Мардумии Чин ба иктисоди Точикистон беш аз 2,6 миллиард доллар сармоягузори намудааст, ки беш аз 57% ин маблагро сармоягузории мустакими хоричи ташкил медихад. Дар ин бора Муовини якуми раиси кумитаи Давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон Фаррух Юсуфзода дар мулокот бо намояндагони ширкатхои сармоягузори ва саноатии Чин хабар дод.
Фаррух Юсуфзода кайд намуд, ки тахти рохбарии Президент Эмомали Рахмон Точикистон сиёсати “дархои кушода” – ро, ки ба чалби сармояи хоричи ва густариши чугрофияи онхо равона шудааст, бомуваффакият амали менамояд.

“Мо фазои сармоягузориро мунтазам бехтар мекунем, расмиёти маъмуриро содда мекунем ва конунгузориро ба талаботи муосир мутобик менамоем. Масалан, бакайдгирии тичорат дар Точикистон ройгон, дар шакли электрони сурат мегирад ва хамаги 24 соатро дар бар мегирад. Ин як кадами назаррас ба пеш дар фарохам овардани шароити барохат барои пешбурди тичорат аст” гуфт у.
Юсуфзода дар суханронии худ хамчунин ёдовар шуд, ки Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи сармоягузори” ба сармоягузорон кафолатхои васеъ, аз чумла интиколи озоди даромадхо ба хоричи кишвар ва амалиёти бемамониати асъори медихад.
Вай таъкид намуд, ки рушди сохибкори ва афзоиши воридоти сармоягузори афзалияти сиёсати иктисодии кишвар боки мемонад. Ба фарохам овардани шароити мусоид барои тичорат ва тахкими робитахо бо шарикони байналмилали, аз чумла сохибкорони нохияи Мухтори Синзян-Уйгури Чин диккати махсус дода мешавад.
Дар вохури ба чалби сармоягузори ба бахши гидроэнергетика диккати махсус дода шуд. Имруз 98% неруи барк дар Точикистон аз хисоби захирахои об истехсол мешавад, ки ин кишварро пешвои чахони дар сохаи “энергияи сабз” мегардонад.
“Мо барои хамкории дарозмуддат шароити мусоид фарохам овардем ва сармоягузоронро даъват менамоем, ки аз имкониятхои беназири кишвари мо истифода баранд”, – хулоса намуд у.
Аксхо: аз манбаъхои кушода
