Филми Коргардони точик Одина Махмад «Фуруг» дар номинатсияи «Бехтарин кори коргардон» дар чашнвораи байналмилалии «Мо» дар Русия чоиза гирифт. Филм бо филмхои Эрон ва Узбекистон ракобат менамуд. Директор кайд намуд, ки хамкории байни кинематографистони кишвархои гуногун, тавре ки дар ИЧШС буд, метавонад ба табодули тачрибаи эчоди ва васеъ намудани чомеаи чахонии кино мусоидат кунад.

Фестивали байналмилалии кинои чавонон “Мо” аз 26 то 29 ноябр дар Хонаи кинои Русия баргузор шуд. Аз 350 дархост 63 филм аз кишвархои гуногун интихоб намуда шуд. Дар мохи октябр “Фуруг” аллакай ду чоиза гирифт: дар чашнвораи миллии кинои “Точи Сомон” дар Точикистон у бехтарин дебют эътироф шуд ва инчунин дар 20-умин чашнвораи байналмилалии филмхои хаваскори ва касби “Кинои Чавон” мукофотонида шуд.
Филм дар бораи духтари кар ва гунг накл мекунад, ки пас аз марги модараш хаёти у ба таври ногахони тагйир ёфт. Накши асосиро Зулайхои 7-сола ичро намуд, ки дар давоми ду мох забони ишораро барои накш омухт.
Дар айни замон, Режисёр кор дар лоихахои навро идома медихад ва барои татбики онхо маблаггузори мечуяд. Имсол уинчунин барои баланд бардоштани сатхи касби ва табодули тачриба ба якчанд кишвархои хоричи сафар намуд.
Сурат: манбаъҳои кушода
