Санаи 2 декабр дар Токио мулокоти президенти Академияи илмхои Точикистон Кобилчон Хушвахтзода бо муовини Вазири корхои хоричии Чопон баргузор шуд.
“Чонибхо дурнамои рушди хамкорихои илмию тахкикоти, тавсеаи кор дар сохаи илмхои дакик, тайёр намудани кадрхои баландихтисоси илмиро дар харду кишвар барраси намуданд”,-хабар доданд Академияи илмхои Точикистон.

Аз чумла, чонибхо ба мувофика расиданд, ки илм бо истехсолот робита дошта, барои олимон ва мухаккикон дар харду кишвар шароити кори мухайё намуда шавад, то тачрибаи кори чамъ намуда, байни Академияи илмхои Точикистон ва муассисахои илмии Чопон робитахои илмию амали ба рох монда шавад.
Максади мулокоти президенти Академияи илмхои Точикистон, узви мухбири АНТ Кобилчон Хушвахтзода инчунин осон намудани кор дар муассисахои илми барои олимону мухаккикони чавон буд.
Гуфта мешавад, ки дар оянда магистрантон ва аспирантони кишвар метавонанд барои бехтар намудани корхои илми-тадкикоти ба Чопон сафар кунанд. Хамчунин, зимни мулокот таъкид гардид, ки мухаккикони чопони метавонанд ба Точикистон омада, дар шароити мусоиди Муассисахои илмию тадкикотии Академияи илмхои Точикистон тахкикоти илми гузаронанд.
АКСХО: Академияи илмхои Точикистон
