Дар намоишгохи Байналмилалии сайёхии Qatar Travel Mart (QTM 2024), ки дар Доха баргузор шуд, Алмаато унвони бехтарин самти сайёхиро ба даст овард. Дар стенди шахр мехмонон метавонанд бо сарватхои табии ва фархангии он шинос шаванд, хурокхои миллиро бичашанд ва либосхои казокиро санчанд.

Алмаато маркази Visit Almaty, шаш оператори сайёхи ва истирохатгохи “Шимбулак” – ро муаррифи намуд. Дар рафти намоишгох зиёда аз 100 вохурии кори гузаронида шуда, 44 созишнома ба имзо расидааст, ки ба туфайли он шахр омадани зиёда аз 13 хазор сайёхро интизор аст. Ин чорабини хамкории байналмилалиро таквият мебахшад ва чолибияти Алматоро барои сайёхон, алахусус аз кишвархои халичи Форс таъкид мекунад.
Мутахассиси асосии идораи сайёхии Алмаато Алмас Акпаев ахамияти пешбурди шахрро хамчун самти асосии сайёхи кайд намуда, манзарахои беназири табии ва мероси фархангиро таъкид намуд.
Аксхо: Акимати Шахри Алмаато
