Дар Казокистон аввалин Neo Nomad Visa дода шуд - ИА Караван Инфо
Дар Казокистон аввалин Neo Nomad Visa дода шуд

Шахрванди Бритониё Сертач Йенер аввалин сохиби раводиди Нави Neo Nomad Visa шуд, ки ба мутахассисони хоричи имкон медихад, ки аз фосилаи дур кор кунанд ва дар Казокистон як сол зиндаги кунанд. Сертач, коршиноси сохаи энергетика ва молия, ба фарханг, забон ва анъанахои казок таваччухи хоса зохир намуд.

Йенер дар Сафорати Казокистон дар АМА раводид гирифтааст ва ният дорад, ки ба зуди ба ин кишвар биёяд. Таваччухи у ба Казокистон бо робитахои оилави таквият ёфтааст: духтараш дар Донишгохи Чикаго забони казоки ва фарханги Осиёи Марказиро омухтааст.

Neo Nomad Visa, ки бо супориши Президенти Казокистон огоз ёфтааст, дар хамкори бо як катор сохторхои давлати тахия шудааст. Ин намуди нави раводид консепсияи тарзи хаёти мобилиро барои мутахассисони дурдаст дастгири мекунад ва имкон медихад, ки кишварро тахкик намуда, дар фаъолияти касбии худ самаранок боки монад.

Сертач Йенер кайд намуд, ки Казокистон уро бо зебоихои табии, фазои дустона ва фарханги бой чалб мекунад.

Аксхо: Вазорати сайёхи ва варзиши ЧК

error: