Чин фуруши силоххои Има ба Тайван ва сафари президенти Тайванро ба Гонолулу махкум намуд  – ИА Караван Инфо
Чин фуруши силоххои Има ба Тайван ва сафари президенти Тайванро ба Гонолулу махкум намуд 

Чин аз карори ИМА дар бораи фуруши силох ба Тайван ва сатхи баланди кабули президенти Тайван Лая Синде дар Хавайи изхори норозиги намуд, хабар медихад Deutsche Welle. 

Вазорати корхои хоричии ЧИН ваъда дод, ки барои химояи сохибихтиёри ва тамомияти арзии Чин “чорахои катъии муковимат” меандешад. Пекин аз Вашингтон даъват намуд, ки интиколи силохро фавран катъ кунад ва ИМА-ро дар вайрон намудани принсипи “Чини ягона” айбдор намуд. 

“Мо ба тахаввулоти ходисахо диккати чидди медихем ва ба амалхое, ки ба манфиатхои мо тахдид мекунанд, катъиян вокуниш нишон медихем,” — изхор доштанд вазорат. 

Департаменти давлатии ИМА каблан фуруши силоххои Тайванро ба маблаги 385 миллион доллар тасдик намуда буд. Мачмуа кисмхои эхтиётии Хавопаймохои чангии F-16, системахои радиолокатсиони ва воситахои навсозии алокаи мобилиро дар бар мегирад. 

Илова бар ин, хашми Чин аз сафари Лай Синдэ ба Гонолулуи Амрикои ба вучуд омад, ки дар он чо уро бо эхтиром, аз чумла колинхои сурх пешвоз гирифтанд. Рахбари Тайван дар доираи сафари худ ба минтакаи Укёнуси Ором, ки чазирахои Маршалл, Тувалу ва Палауро дар бар мегирад, ба ИМА омад. 

Лай Синдэ, ки мохи майи соли 2024 президенти Тайван шуд, дар масъалаи истиклолияти Тайван нисбат ба пешгузаштаи худ Сай Инвэн мавкеи равшантар дорад. Пекин Лайро дар чудоиталаби айбдор мекунад ва дар посух ба фаъолияти сиёсати хоричии у фишорро ба Тайван афзоиш медихад. 

Вашингтон бо вучуди муносибатхои ташаннучнок бо Чин, ки вокуниши шадиди Пекинро ба бор меорад, дастгирии Тайванро идома медихад. 

Фуруши силох ба Тайван ва робитахои дипломати байни Тайбэй ва ИМА ба муносибатхои байни ду иктисоди бузургтарини чахон шиддат мебахшад. Макомоти Чин аллакай аз вокунишхои эхтимоли, ки метавонанд афзоиши хузури низомиро дар наздикии Тайван дар бар гиранд, хушдор додаанд. 

Вазъият муковимати афзояндаро дар атрофи макоми Тайван таъкид мекунад, ки яке аз омилхои асосии ноустувории геополитики дар минтака боки мемонад.

Аксхо: Карлос Гарсия Равлинс / Рейтерс

error: