Бонки маркази метавонад меъёри калидиро дар мохи декабр аз 1 то 2 банди фоизи боло барад, мегуяд муовини раиси идораи Бонки Амонати Кирилл Сарев. Дар ин бора у дар нишасти domclick Digital Day изхор дошт ва кайд намуд, ки таваррум ва афзоиши устувори даромади ахоли чунин сенарияро хеле эхтимоли мекунад.

“Пешгуии амалхои Бонки маркази душвор аст, аммо интизории умуми ин аст, ки меъёр эхтимолан боло хохад рафт. Мо мебинем, ки таваррум баланд боки мемонад ва даромади ахоли афзоиш меебад, ки эхтимолияти афзоишро зиед мекунад” гуфт Сарев.
Пештар, 25 октябр, Бонки Русия меъёри калидиро якбора ба 200 нуктаи асоси зиёд намуда, онро ба 21% солона расонд. Ин сеюмин болоравии меъёр дар соли 2024 буд ва сатхи кунунии он аз хадди таърихии мохи феврали соли 2022 зиёдтар буд. Чаласаи навбатии шурои директорони Бонки маркази 20 декабр ба накша гирифта шудааст.
Муовини аввали раиси Идораи ВТБ Дмитрий Пянов низ афзоиши минбаъдаи меъёрро интизор аст, ки он метавонад ба 23% бирасад ва дар ин сатх дар соли 2025 нигох дошта шавад. Вай кайд намуд, ки бозори фоизхо “шторм” – ро аз сар мегузаронад, ки бо хавфхои фоизи алокаманд аст.
Раиси Бонки Русия Элвира Набиуллина каблан изхор дошт, ки танзимгар дар “нуктаи таназзули” мубориза бо таваррум карор дорад. Вай изхори бовари намуд,ки сахттар шудани сиёсати пулию карзи имкон медихад, ки таваррум дар соли оянда то 4-4, 5% кохиш ёбад ва болоравии нарххо дар сатхи такрибан 4% муътадил гардад.
Аксхо: kapital-rus.ru
