Натичахои XVII фестивали Байналмилалии Кинои "Евразия" дар Алмаато чамъбаст намуда шуданд - ИА Караван Инфо
Натичахои XVII фестивали Байналмилалии Кинои "Евразия" дар Алмаато чамъбаст намуда шуданд

Дар Алмаато XVII чашнвораи Байналмилалии Евразия яке аз руйдодхои асосии Осиёи Маркази дар сохаи санъати кино ба анчом расид. Дар давоми хафта мехмонони Фестивал тавонистанд аз зиёда аз 30 филм аз кишвархои гуногун, аз чумла 22 кори барномахои озмуни бахра баранд.

Маросими пушидашави бо баромадхои гурухи этно-фюжн KhazaR, оркестри Aljazz ва шоу-балети VIVAT хамрох намуда шуд, ки фазои фаромушнашавандаро ба вучуд овард. “Фестивал устодони киноро муттахид намуда, барои муколама, эчодкори ва рушди хамкорихои байналмилали платформа фарохам меорад,” — гуфт Вазири фарханг ва иттилооти ЧК Аида Балаева.

Чоизахои асосии фестивал:

• Гран-при барои бехтарин филм Next to Nothing (Польша), коргардон Гжегож Дебовски.

• Чоиза барои бехтарин кори коргардони Jung Min Oh, филми House of The Seasons (Кореяи Чануби).

• Чоиза барои бехтарин ичрои накши занона Флорентина Холсиенгер, филми Moon (Австрия).

• Чоиза барои бехтарин ичрои накши мардона Артур Пачесний, филми Next to Nothing (Польша).

Осиёи маркази ва чахони турки:

• Гран-при барои бехтарин филм дар он чое, ки Стерхи ракс мекунад (Чумхурии Саха, Русия).

• Чоиза барои бехтарин режиссура Аруан Анартай, филми Жоктау (Казокистон).

Аксхо: Хадамоти Матбуоти Вазорати фарханг ва иттилооти ЧК

error: