Чаласаи Хукумати Чумхурии Точикистон - ИА Караван Инфо
Чаласаи Хукумати Чумхурии Точикистон

Санаи 29 ноябр тахти раёсати Президенти Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон чаласаи навбатии Хукумати Чумхурии Точикистон баргузор гардид.

Чаласа бо гузориши Вазири кишоварзи Курбон Хакимзода дар бораи Барномаи рушди механизатсияи инноватсионии кишоварзи дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2025-2029 огоз гардид.

Вазир кайд намуд, ки барнома тибки талаботи стратегияи Миллии рушди Чумхурии Точикистон то соли 2030 тахия шудааст. Максади асосии он фарохам овардани заминаи устувор барои рушди устувори механизатсияи кишоварзи мебошад, ки ба рушди умумии бахши аграри мусоидат мекунад.

Барнома механизатсияи равандхои агротехникиро дар растанипарвари ва чорводори пешбини мекунад. Ба чори намудани инноватсия, истифодаи техникаи муосир, такмили амалиети технологи ва халли мушкилоти мавчудаи соха диккати махсус дода мешавад.

Президент Эмомали Рахмон барои ичрои саривактии барнома ба вазорату идорахо ва макомоти махаллии хокимият супоришхои мушаххас дод. У ахамияти афзоиши хачми истехсоли махсулоти кишоварзи ва сахми онро дар рушди иктисодии кишвар таъкид намуд.

Минбаъд барои барраси ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон лоихахои конунхо “Дар бораи захираи давлатии модди” ва “Дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба кодекси Андози Чумхурии Точикистон” фиристода шуданд.

Тагйирот дар кодекси Андоз ба рафъи номуайяни, халли бахсхои байни андозсупорандагон ва макомоти андоз ва фарохам овардани фазои мусоид барои сохибкори ва сармоягузори нигаронида шудааст. Ин тадбирхо ба Паёми Президент аз 23 декабри соли 2022 асос ёфта, самтхои асосии сиёсати дохиливу хоричии Точикистонро нишон доданд.

Чаласа инчунин, барраси ва кабули стратегияи Миллии Оби Чумхурии Точикистонро барои давраи то соли 2040 дар бар мегирифт.

Дар охир Президент ба шахсони масъул як катор супоришхо дод. Дар байни онхо суръатбахшии кишти тирамохи, чамъбасти соли кишоварзи, омодаги ба конфронси Байналмилали оид ба хифзи пиряххо ва Конфронси СММ оид ба захирахои об, инчунин ташкили чорабинихо ба ифтихори чашни ояндаи Навруз ва 35-солагии Истиклолияти Давлатии Точикистон мебошад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: