Иштироки муовини Якуми Сарвазир дар чаласаи шурои Иктисодии ИДМ - ИА Караван Инфо
Иштироки муовини Якуми Сарвазир дар чаласаи шурои Иктисодии ИДМ

Санаи 29 ноябри соли 2024 Муовини якуми Сарвазири Чумхурии Точикистон Хоким Холикзода дар чаласаи навбатии шурои Иктисодии Иттиходи Давлатхои Мустакил иштирок ва суханрони намуда, инчунин ба иштирокчиён дар бораи нуктахои Асосии Консепсияи Раесати Чумхурии Точикистон дар сохахои ичтимоию иктисодии Иттиход дар соли 2025 иттилоъ дод.

Дар чараёни чаласа рохбарони хайатхо оид ба масъалахои мубрами рузномаи хамкории иктисоди дар фазои ИДМ табодули афкор намуда, лоихахои хуччатхоеро, ки ба тахкими минбаъдаи хамкори дар сохахои гуногуни иктисодиет ва сохаи ичтимои равона шудаанд, мувофика намуданд.

Дар бораи хамаи масъалахои рузнома карорхои дахлдор ба имзо расиданд.

Чониби Точикистон аз чониби Русия Раёсати Шурои Иктисодии ИДМ-ро барои соли 2025 кабул намуд.

АКСХО: Сафорати Точикистон дар Русия

error: