Бонки миллии Точикистон дар бораи вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати курби асъор изхори назар намуд – ИА Караван Инфо
Бонки миллии Точикистон дар бораи вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати курби асъор изхори назар намуд

Бонки миллии Точикистон бо максади фахмонидани вазъи кунунии бозори дохилии асъор ва тагйироти охири курби асъор ба субъектхои хочагидор ва ахоли хабар медихад, ки вазъи бозори дохилии Асъори Чумхурии Точикистон дар рузхои охир бо назардошти омилхои вобаста ба тагйирот дар сохаи геополитики бахо дода мешавад.

Тагйироти курби сомони нисбат ба асъори хоричи дар ин давра бо омилхои беруна ва дохили, аз чумла таквияти доллари ИМА нисбат ба асъори кишвархои ру ба таракки, кохиши шадиди курби рубли руси нисбат ба доллари ИМА бинобар шиддат гирифтани низоъхои геополитики ва иктисоди дар рузхои охир ва дигар сабабхо ба амал омадааст. Ин омилхо дар бозорхои асъори минтака номуайяниро ба вучуд оварданд.

Тибки “Пешгуии сиёсати пулию карзии Чумхурии Точикистон барои соли 2024” ва дурнамои миёнамухлат” дар соли чори сиёсати курси, ки ба режими “шиноварии танзимшаванда бидуни мукаррар ва эълони худуди тагйири курс” асос ёфтааст, амали намуда мешавад. Мувофики ин режим, курби асъори милли дар асоси таносуби талабот ва пешниходи асъори хоричи дар бозори дохили муайян намуда мешавад. Дар сурати тагйирёбии назарраси курб Бонки Миллии Точикистон ба вазъи бозори дохилии асъор дахолат мекунад.

Дар робита ба ин вазъ, Бонки Миллии Точикистон мунтазам ин тагйироту иловахои муваккатиро дар бозори асъор назорат ва тахлил менамояд. Бонк дорои маблагхо, воситахо ва захирахои зарури барои таъмини устувории бозори дохилии асъор ва нигох доштани курби устувори асъори милли мебошад.

Дар холати зарури, ин захирахо истифода мешаванд.

Аксхо: хадамоти матбуоти бонки Миллии Точикистон

error: