Дар доираи иштироки худ дар саммити байналмилалии One Water Summit дар Эр-Риёд, Президенти Казокистон Касим-Жомарт Токаев бо президенти Гурухи бонки Чахони Аджай Банга мулокот намуд.

Сарвари давлат ахамияти стратегии шарикии Казокистонро бо Бонки Чахони таъкид намуда, татбики панч лоихаи бузурги муштаракро ба маблаги умумии 3,5 миллиард доллар кайд намуд. Ин лоихахо самтхои калидиро ба монанди идоракунии захирахои об, рушди инфрасохтори наклиёт ва дастгирии ташаббусхои таълими фаро мегиранд.
Яке аз натичахои назарраси хамкори маблаггузории барномаи TRACE аз чониби Бонки Чахони буд. Казокистон барои бехтар намудани устувори ва пайвастагии инфрасохтори наклиёти, аз чумла таъмири шохрохи Жезказгон Караганда, ки мархилаи мухими рушди долони Миёна мебошад, 650 миллион доллар ба даст овард.

Аджай Банга хамкории кунунии бонки Чахони бо Казокистонро баланд арзёби намуд ва изхори омодаги намуд, ки шарикии худро васеъ кунад. Дар чараёни мулокот накшахои рохандозии лоихахои нави муштарак дар бахшхои гуногуни иктисодиёт барраси шуданд.
Барои тахкими муколама ва тахияи стратегияи дарозмуддати хамкори Президенти Казокистон раиси бонки Чахониро бо сафари расми ба кишвар даъват намуд.

Ин вохури як кадами дигар дар рохи тахкими хамкорихои иктисоди ва татбики ташаббусхои стратеги ба манфиати рушди устувори минтака буд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Акорда
