Санаи 3 декабри соли 2024 дар шахри Машхади Чумхурии Исломии Эрон вохурии 28-уми Шурои вазирони корхои хоричии Созмони хамкории иктисоди баргузор гардид. Дар чорабини Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон Сирочиддин Мухриддин иштирок ва суханрони намуд.

С. Мухриддин накши Мухими Точикистонро дар татбики лоихахои минтакавии наклиёти, коммуникатсиони ва энергетики таъкид намуда, омодагии худро барои тахкими хамкорихои бисёрчонибаи мутакобилан судманд дар сохахои гуногун, аз чумла савдо, иктисод, сармоягузори, саноат, кишоварзи, экология ва сайёхи изхор намуд.
Хамчунин, Вазир ташаббусхои глобалии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмонро, ки ба халли масъалахои тагйирёбии иклим ва рузномаи глобалии об нигаронида шудаанд, кайд намуда, аз кишвархои узви Созмони хамкории иктисоди даъват намуд, ки дар конфронси Байналмилалии хифзи пиряххо, ки мохи майи соли 2025 дар шахри Душанбе ба накша гирифта шудааст, фаъолона иштирок намоянд.
Дар натичаи мулокот эъломияи Машхад ва як катор карорхои дигар оид ба фаъолияти Созмон кабул намуда шуданд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода
