Муколамаи фарханги тавассути асрхо: Точикистон ба ЮНЕСКО номинатсияхои навро ба руйхати мероси фархангии гайримоддии инсоният пешниход мекунад - ИА Караван Инфо
Муколамаи фарханги тавассути асрхо: Точикистон ба ЮНЕСКО номинатсияхои навро ба руйхати мероси фархангии гайримоддии инсоният пешниход мекунад

Точикистон дар кори ичлосияи 19-уми кумитаи Байнихукуматии ЮНЕСКО оид ба хифзи мероси фархангии гайримодди, ки дар шахри Асунсон, Чумхурии Парагвай баргузор мегардад, фаъолона иштирок мекунад.

Ичлосия, ки намояндагони кишвархои иштирокчии Конвенсияи хифзи мероси фархангии гайримоддиро чамъ овард, 2 декабр огоз ёфта, то 7 декабр идома меёбад. Чорабинии мазкур аз чониби Президенти Чумхурии Парагвай Сантяго Пеня ва директори Генералии ЮНЕСКО Одри Азуле кушода шуда, ахамияти хифзи мероси фарханги барои тамоми инсониятро таъкид намуд.

Дар доираи чаласа Точикистон ду номинатсияи муштаракро барои дохил шудан ба Руйхати мероси фархангии гайримоддии инсоният пешниход намуд:

* “Маросими Мехргон”, чашни рамзи вахдат ва арзишхои маънавии халкхои Точикистон;

* “Санъати эчод ва навохтани рубоб”, ки анъанаи гании мусикии мардуми точикро инъикос мекунад.

Ин ташаббусхо ба таргиби анъанахои фархангии Точикистон ва эътирофи онхо дар арсаи байналмилали равона шудаанд. Иштирок дар сессия хохиши кишварро барои тахкими хамкори бо ЮНЕСКО ва мусоидат ба хифзи мероси гайримоддии фархангии инсоният тасдик мекунад.

Аксхо: Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон.