Бонки милли Тоҷикистон дар чорчӯбаи пайвастшавӣ ба шабакаҳои хизматрасонии бонкдорӣ ва маблағгузории (SBFN) масъулияти навро қабул кард

Дар аввали ин ҳафта, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони “Шабакаи бонкдорӣ ва молии пойдор”-и (SBFN) ва Ширкати молии байналмилии (IFC) атрофи дохилшавӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба (SBFN)  ҷаласаи корӣ гузаронид.   

Ф. Толибзода ишора кард, ки дар дунё имрӯз масъала дар бораи дигаргунии обу ҳаво, таъмини амнияти муҳити зист, паҳн гаштани газ аз гулхона (парник) ва равнақи иқтисоди “сабз” афзойиш ёфта, масъалаи хеле муҳим гардида истодаанд. 

“Мо медонем, ки аъзои (SBFN) атрофи беҳсозӣ дар идора кардани  муҳити зист ва рафти кори муасиссаҳои молӣ кор будра истодааст. Дар ин замина, Созмони миллали муттаҳид (СММ) иҷрои усули амалӣ кардани “Мудирияти муҳити зист, иҷтимойӣ ва идоракунии якҷоя”-ро ба назар гирифт”, — гуфт Ф. Толибзода.

Ба сифати танзимкори сифати назорат ва фазои суғурта Бонки милли Тоҷикистон нақшаи амалҳои ҷорӣ кардани дурнамои равнақи “иқтисоди сабз”-ро дар қаламрави Тоҷикистон тасдиқ намуд. 

Аз сӯйи дигар, оғои Чан Жун аъзошавии Бонки миллии Тоҷикистон ба “Шабакаи бонкдорӣ ва молии пойдор”-и (SBFN)-ро гоми хеле муҳим ҳисобид. Акнун, мутобиқи розигии тарафҳо, Бонки миллии Тоҷикситон вазифадор карда шуд, ки доимо назари хешро атрофи муҳити зист ва идоракунии ҳолати иҷтимойӣ барқарору равона бояд кард.