МОСКВА, 28 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Пойтахти Узбекистон маркази нави Захиравии мухочирон ба кор шуруъ намуд, ки бо дастгирии Иттиходи Аврупо, Агентии мухочирати Узбекистон ва маркази Байналмилалии рушди сиёсати мухочират (ICMPD) таъсис дода шудааст.

Дар ин чо ба шахрвандоне, ки ба хорича рафтани хастанд ва инчунин ба хона баргаштаанд, машварат оид ба мухочирати бехатар, хукукхои хоричи ва мутобикшави дар ватан пешниход намуда мешавад.
«Вазифаи марказ пешниходи машваратхо оид ба мухочирати конуни, баланд бардоштани огохи дар бораи хатархои мухочирати гайриконуни ва гузаронидани барномахои омузишии пеш аз сафар аст», — шарх дод муовини директори Агентии мухочират Матлаб Куранов.
Дар доираи лоихаи «Пешгирии мухочирати гайриконуни» маъракахои иттилооти, семинархо ва таъсиси шабакаи ташкилотхои шахрванди дар панч минтакаи кишвар ба накша гирифта шудаанд.
Маркази захиравии тошканд дар шабакаи глобалии чунин ташкилотхо 14-ум шуд. Танхо дар як соли охир беш аз 35 хазор нафар тавассути машваратхо ва маъракахо ва аз огози лоиха беш аз 100 хазор мухочир кумак гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин марказхои захирави барои мухочирон дар якчанд кишвархои Осиё, аз чумла Киргизистон, Точикистон, Покистон, Ирок, Шри-Ланка ва Афгонистон фаъолият доранд.
Аксхо: eeas