Москва, 16 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар арафаи хамоиши президентхои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп, мансабдорони амрикои имкони истифодаи яхшикашони атомии русияро барои лоихахои энергетики дар Аляска барраси намуданд. Дар ин бора Reuters бо истинод ба манбаъхои огох хабар медихад.

Маъмурияти Кохи Сафед ин вариантро хамчун воситаи стратеги барои гуфтушунид бо Москва мебинад.
Флоти яхшикании русия ягона дар чахон аст, ки кодир аст тамоми сол дар рохи бахрии Шимоли харакат кунад, ки онро дороии беназир барои азхудкунии захирахои арктики месозад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки истифодаи муштараки яхкашхо метавонад як кадами мухим дар рушди хамкории дучониба бошад.
Киштихои русия метавонанд дар истихрочи гази Табии дар Аляска ва интиколи он дар шакли гази моеъ (ГМТ) накши калиди дошта, ба рушди инфрасохтори энергетикии махалли мусоидат кунанд.
Назорати Русия бар рохи бахрии Шимоли аллакай имруз барои чараёнхои тичорати чахони ва энергетики ахамияти стратеги дорад.
Шарикии эхтимоли дар Арктика метавонад дар муносибатхои иктисодии русия ва амрико сахифаи нав кушояд ва намунаи хамкории прагматики дар шароити мураккаби геополитики гардад.
Сурат: В. Степанов