Остона, 2 июни соли 2025-»АИ Караван» Инфо. Дар доираи форуми Байналмилалии Остона санаи 30 майи соли 2025 мулокоти Муовини аввали Вазири корхои хоричии Чумхурии Казокистон Акан Рахметуллин бо Муовини дабири кулли СММ фиристодаи Махсуси дабири Кулли СММ оид ба масъалахои технологияхои раками ва пешрафта Амандип Сингх Гилл баргузор шуд.

Мусохибон дастовардхои таъсирбахши технологии Казокистонро мухокима намуданд. Аз чумла, мавзуъхои чори намудани зехни сунъи, сохтани суперкомпютер, инчунин афзоиши динамикии инфрасохтори раками ба миён омаданд. Муваффакиятхои кишвар дар рушди хукумати электрони (eGov) алохида кайд намуда шудаанд.
Дар чараёни сухбат инчунин таъсиси технопарки байналмилалии «Astana Hub» барраси шуд, ки ба маркази чалби мутахассисони IT ва лоихахои инноватсиони дар минтака табдил меёбад. Ташаббуси мухими чониби Казокистон таъсиси Маркази халли раками барои рушди устувор дар Алмаато буд. Акан Рахметуллин дастгирии пурраи Казокистонро аз рузномаи ракамии СММ, аз чумла шартномаи ракамии Чахони ва ташаббусхо оид ба истифодаи бехатар ва ахлокии зехни сунъи тасдик намуд.
Дар навбати худ, Амандип Сингх Гилл изхори таваччухи амик ба чукуртар намудани хамкори бо Казокистон намуд. Хадафи он пешбурди тагйироти фарогир, масъулиятнок ва устувори раками дар сатхи чахони мебошад.
Аксхо: ВКХ ЧК