Сармоягузори чини ният дорад, ки барои навсозии корхонаи коркарди нафти “Чунда” дар Киргизистон 169 миллион доллар сармоягузори намояд. Дар ин бора директори Генералии НПЗ Хуан Сян дар мулокот бо ноиби раиси парлумони Киргизистон Нурланбек Азигалиев изхор дошт.

Ба гуфтаи Хуан Сян, навсози то соли 2025 ба накша гирифта шудааст, аммо у мухлати дакиктарро номбар накардааст. Дар доираи лоиха дар корхона тачхизот барои кохиш додани партовхои моддахои зараровар ва рафъи буйхои нохуш насб карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ширкати чинии China Petrol Company Junda барои сохтмони НПЗ «Чунда», ки соли 2014 ба кор шуруъ намуд, такрибан 300 миллион доллар сармоягузори намудааст. Пас аз навсозии кабли, иктидори корхона имкон медихад, ки дар як сол то 800 хазор тонна махсулоти нафтии сабук истехсол карда шавад.
Аксхо: АКИргеѕѕ