Вазорати корхои хоричии Киргизистон мухлати муайян намудани марз бо Точикистонро эълон намуд – ИА Караван Инфо
Вазорати корхои хоричии Киргизистон мухлати муайян намудани марз бо Точикистонро эълон намуд

Сархад бо Точикистон дар 2-3 мохи оянда ба таври катъи муайян намуда мешавад, хабар доданд дар Вазорати корхои хоричии Киргизистон

“Ин савол муносибати бодиккатро талаб мекунад. Музокирот фаъолона идома дорад ва мо ният дорем, ки онро дар 2-3 мохи оянда ба анчом расонем ” Гуфт намояндаи Вазорати корхои хоричии Киргизистон Жээнбек Кулубаев дар посух ба саволхо дар бораи раванди делимитатсия ва демаркатсияи сархади байни Киргизистон ва Точикистон.

Кулубаев кайд намуд, ки вохурихои байнихукумати хар хафта баргузор мешаванд.

“Дар айни замон 90% сархади Киргизистону Точикистон аллакай тасвир шудааст. Мо дар сатхи сарони давлатхо ба хамдигарфахми ноил шудем. Президентхо Садир Жапаров ва мухтарам Эмомали Рахмон ба макомоти дахлдор супориш доданд, ки ин равандро ба анчом расонанд. Мо мавкеи якдигарро мувофика мекунем ва масъалахои транзитро мухокима менамоем” гуфт вазир.

Дарозии сархади Байни Киргизистон ва Точикистон такрибан 980 км аст. Музокирот оид ба делимитатсия, яъне муайян ва тавсифи гузариши сархад бо харита аз мохи декабри соли 2002 идома дорад.

Ноустувории ин масъала борхо сабаби низоъ байни сокинони махалли ва хизматчиёни харбии ду кишвар, аксар вакт бо истифодаи силохи оташфишон гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар охири мохи июл раиси Вилояти Сугд Рачаббой Ахмадзода хабар дод, ки чонибхо аллакай 94% сархади давлатиро тавсиф ва мувофика намудаанд. Тибки маълумоти у, хуччатхои нихои ба китъахои шадиди Ворух ва Чоркух дахл хоханд дошт.

Мулокоти навбатии комиссияхо 11-17 август дар Баткен (Киргизистон) ба накша гирифта шудааст.

Аксхо: скриншот аз видео

error: