Lufthansa ба фазои хавоии Эрон ва Ирок ворид намешавад — ИА Караван Инфо
Lufthansa ба фазои хавоии Эрон ва Ирок ворид намешавад

Хавопаймохои ширкати хавопаймоии Олмон Lufthansa то 7 август ба далели ташаннуч дар минтакаи Ховари Миёна ба фазои хавоии Эрон ва Ирок ворид нахоханд шуд, хабар медихад матбуоти хоричи бо истинод ба изхороти интиколдихандаи хавопаймо.

Инчунин, то 7 август Lufthansa парвозхоро ба Пойтахти Урдун, шахри Амман ва инчунин ба Эрбили Ирок боздошт.

Гайр аз он, гурухи ширкатхои Lufthansa, ки ба он ширкатхои хавопаймои, ба монанди Swiss International Air Lines, Austrian Airlines ва Eurowings дохил мешаванд, эълон намуданд, ки парвозхо ба Тел-Авив, Техрон ва Бейрут то 12 август катъ намуда мешаванд.

Аксхо: Lufthansa

РУСИЯ

error: