Моҳи март вохӯрии вазирони Вазорати муҳити зистикишварони Осиёи Марказӣ бо дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо баргузоргардид — ИА Караван Инфо
Моҳи март вохӯрии вазирони Вазорати муҳити зистикишварони Осиёи Марказӣ бо дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо баргузоргардид

Ҷонибҳо дар атрофи масъалаи ҳифзи муҳити зист, дипломатияи об ва коҳиши хатари офати табиӣ гуфтугӯ карданд. Ҳамчунин дурнамои ҳамкории мустаҳкам, иваз кардани таҷриба ва татбиқи чораҳои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлимро дида баромаданд.

Моҳи март вохӯрии вазирони Вазорати муҳити зистикишварони Осиёи Марказӣ бо дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо баргузоргардид

Дар рафти сухани хеш, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2025, Соли ҷаҳони ҳифзи пиряхҳоро ба миён гузошта, масъалаи аҳамияти ҳамкории минтақавии ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зистро ишора кард.

Б. Шерализода иштирокчиёни вохӯриро ба сеюмин Конфронси байналмилалии «Об барои рушди босуръат 2018-2028», ки аз 10 то 13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват кард.

Ҷонибҳо ба он мувофиқа расиданд, ки кори ҳифзи муҳити зист, нигаҳдории захираҳои табиӣ, зистшиносӣ ва гирифтани пеши роҳи ифлосшавии Осиёи Марказиро давом диҳанд. Чораи нақшагирии ҷиддӣ ва зарурати кӯшиши ҳамкорӣ дар чорчӯбаи кори ба нақша гирифтаро низ муҳокима карданд.

error: